Telegram Group Search
📰Ба муносибати мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани хати интиқоли барқи 500 кВ «Датка – Суғд» (🇰🇬Қирғизистон-🇹🇯Тоҷикистон) дар доираи лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи «CASA-1000», маҷаллаи «Иқтисодчӣ» шумораи махсуси худро таҳти унвони рамзии «CASA-1000 – чор кишвар, як неру» ба нашр расонид.

📝Дар ин шумора мақолаҳои таҳлилӣ ва назарияи роҳбарони бахши энергетикаи кишварҳои иштирокдори лоиҳа ҷой дода шудаанд, аз ҷумла матлабҳои вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъ ва вазири энергетикаи Ҷумҳурии Қирғизистон Таалайбек Ибраев.

🖊Инчунин, гузоришу маълумот оид ба ҷараёни амалишавии лоиҳа дар қисматҳои Афғонистон ва Покистон, рафти корҳои сохтмонӣ, дастовардҳо ва дурнамои татбиқи пурраи лоиҳа пешниҳод гардидаанд.

@mewrtj
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
🇰🇬🇹🇯🇦🇫🇵🇰CASA-1000 – лоиҳаи нодир ва стратегӣ дар соҳаи энергетикаи минтақавӣ

♻️Лоиҳаи CASA-1000 яке аз ташаббусҳои нодир ва муҳим дар соҳаи энергетика маҳсуб меёбад, ки на танҳо барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки барои тамоми минтақа аҳамияти стратегӣ дорад. Ин лоиҳа, ки ба ҳамгироии энергетикии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ равона шудааст, на танҳо имкони содироти неруи барқи “сабз”-ро фароҳам меорад, балки ҳамчун пули энергетикӣ байни кишварҳо хизмат мекунад.

Татбиқи лоиҳаи CASA-1000 намунаи ҳамкории муваффақонаи бисёрҷониба буда, дар таҳкими амнияти энергетикӣ, беҳсозии инфрасохтори мавҷуда ва рушди устувори минтақа нақши муассир мебозад.

mewrtj
2025/07/02 23:45:31
Back to Top
HTML Embed Code: