Telegram Group Search
🏆 ДАСТАИ «РАХШ»-И ВОСЕЪ ҒОЛИБИ ҚИСМИ НИҲОИИ ЛИГАИ ДУЮМИ ТОҶИКИСТОН-2025 ГАРДИД

Қисмати ниҳоии лигаи дуюми Тоҷикистон-2025 дар шаҳри Душанбе ба анҷом расид. Дастаи «Рахш»-и ноҳияи Восеъ дар бозии ниҳоӣ тими «Шоҳмансур»-и Душанберо шикаст дод.

🔸 Вақти асосии рақобати финалӣ бо ҳисоби мусовии 1:1 ба анҷом расид. Баъдан «Рахш» дар силсилаи пеналти бо ҳисоби 8:7 пирӯз шуд. Ҳамин тариқ, дастаи ноҳияи Восеъ ғолиби қисми ниҳоии лигаи дуюм дар мавсими-2025 шуд.

🔹 Барои ҷойи сеюми мусобиқа «Ҷиликӯл» бо боварӣ «Гулистон»-ро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод.

💥 Дар маросими ҷоизасупорӣ ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Дониёрзода, муовини якуми раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон Исроил Шарипов, директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Субҳон Шодиев ва сардори шуъбаи баргузории мусобиқаҳои ЛФТ Суҳроб Ҳамидов ширкат варзиданд.

ℹ️ Пас аз натиҷаи марҳилаи ниҳоии чемпионати Тоҷикистон-2025 миёни дастаҳои лигаи дуюм «Рахш» (Восеъ), «Шоҳмансур» (Душанбе) ва «Ҷиликӯл» (Дӯстӣ) ба раванди иҷозатномадиҳии Лигаи якум шомил карда мешаванд. Пас аз анҷоми бомуваффақияти тартиби ҳатмӣ, онҳо ҳаққи иштирок дар чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи якумро дар мавсими-2026 пайдо мекунанд.

⚽️ ⚽️ ⚽️

🏆 ВОСЕЙСКИЙ «РАХШ» СТАЛ ПОБЕДИТЕЛЕМ ФИНАЛЬНОЙ ЧАСТИ ВТОРОЙ ЛИГИ ТАДЖИКИСТАНА-2025

В Душанбе завершилась финальная часть чемпионата Таджикистана-2025 среди команд второй лиги. Победителем соревнований стал «Рахш» из района Восе, обыгравший в решающем матче душанбинский «Шохмансур».

🔸 Основное время финала завершилось вничью – 1:1, а в серии пенальти удачливее оказались футболисты «Рахша», добывшие победу со счётом 8:7. Таким образом, восейская команда завоевала титул победителя финальной части второй лиги сезона-2025.

🔹 В матче за третье место «Джиликул» уверенно переиграл «Гулистон» со счётом 3:1, обеспечив себе место в тройке сильнейших.

💥 В церемонии награждения приняли участие вице-президент Федерации футбола Таджикистана Сайвали Дониёрзода, первый заместитель председателя Федерации футбола Хатлонской области Исроил Шарипов, генеральный директор Футбольной лиги Таджикистана Субхон Шодиев и начальник отдела по проведению соревнований ФЛТ Сухроб Хамидов.

ℹ️ По итогам финальной части чемпионата Таджикистана-2025 среди команд второй лиги «Рахш» (Восе), «Шохмансур» (Душанбе) и «Джиликул» (Дусти) будут включены в процесс лицензирования первой лиги. После успешного прохождения обязательной процедуры они получат право выступить в чемпионате Таджикистана среди команд первой лиги в сезоне-2026.

#TFL #TajikistanFootballLeague
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
👍32🤩1🙏1💯1🏆1
«Истиқлол» 🇹🇯 бар «Ҳулбук» 🇹🇯 ғалаба карда, дар ҷадвали чемпионати Тоҷикистон-2025 ба мақоми аввал баромад

🏆 1XBet-Чемпионати Тоҷикистон-2025
🇹🇯 Лигаи олӣ. Бозии мавқуфмондаи даври 1️⃣8️⃣-ум
«Ҳулбук»
🇹🇯 🆚 🇹🇯 «Истиқлол» - 1️⃣:5️⃣

#TFL #TajikistanFootballLeague #ЛигаиОли #ВысшаяЛигаТаджикистана
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
4👍2👏1👌1🏆1
🇹🇯 🏆 Ҷадвали 1XBet-чемпионати Тоҷикистон-2025 миёни дастаҳои Лигаи олӣ. То анҷоми мавсими 2025 танҳо ду бозии мавқуфмонда боқӣ мондааст: «Вахш» 🇹🇯 🆚 🇹🇯 «Истиқлол» (8 декабр) ва «Истаравшан» 🇹🇯 🆚 🇹🇯 «Истиқлол» (12 декабр).

⚽️ ⚽️ ⚽️

🇹🇯 🏆 Турнирная таблица 1XBet-Чемпионата Таджикистана-2025 среди команд высшей лиги. До завершения сезона-2025 осталось всего два отложенных матча – «Вахш» 🇹🇯 🆚 🇹🇯 «Истиклол» (8 декабря) и «Истаравшан» 🇹🇯 🆚 🇹🇯 «Истиклол» (12 декабря).

#TFL #TajikistanFootballLeague #ЛигаиОли #ВысшаяЛигаТаджикистана
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
👍63🔥3👏1🤩1👌1💯1🏆1
ТАЪЗИЯ

Федератсияи футболи Тоҷикистон аз марги Наим Носиров собиқ ҳимоятгари дастаи миллии Тоҷикистон ва дастаи «Регар-ТадАЗ» хеле андуҳгин аст.

Дар соли 2006 Наим Носиров бо тими миллии Тоҷикистон Ҷоми даъвати КФО-ро ба даст овардааст. Бо «Регар-ТадАЗ» ҳимоятгари ботаҷриба ду маротиба дар солҳои 2008 ва 2009 соҳиби Ҷоми президенти КФО шудааст.

🇹🇯 Федератсияи футболи Тоҷикистон ба оила ва дӯстони марҳум изҳори ҳамдардӣ мекунад.

⚽️ ⚽️ ⚽️

СОБОЛЕЗНУЕМ

Федерация футбола Таджикистана глубоко скорбит в связи со смертью бывшего защитника национальной сборной Таджикистана и турсунзадевского «Регар-ТадАЗа» Наима Носирова.

В 2006 году Наим Носиров в составе сборной Таджикистана выиграл Кубок вызова АФК. В составе клуба «Регар-ТадАЗ» опытный защитник два раза выигрывал Кубок президента АФК в 2008 и 2009 годах.

🇹🇯 Федерация футбола Таджикистана выражает искренние соболезнования родным и близким покойного.
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
🙏185🫡1
🇹🇯 ДОВАРОНИ ТОҶИКИСТОН ВОХӮРИҲОИ БОЗИҲОИ 33-ЮМИ ОСИЁИ ҶАНУБУ ШАРҚИРО ДАР ТАИЛАНД ҲАКАМӢ МЕКУНАНД

📋 Конфедератсияи футболи Осиё чор довари Тоҷикистонро барои доварӣ дар мусобиқаҳои футбол ва футзали 33-юмин Бозиҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ дар Таиланд даъват кардааст.

Довари ФИФА Гулмуроди Саъдулло ва ёвари довари ФИФА Ҳасан Каримов бозиҳои гурӯҳи «С»-и мусобиқаи футболро, ки дар он Индонезия, Мянмар ва Филиппин иштирок мекунанд, ҳакамӣ мекунанд.

🔺 Ёвари довари ФИФА аз Тоҷикистон Дилшода Раҳмонова дар мусобиқаи занонаи Бозиҳо кор мекунад.

🔹 Ғайр аз ин, довари ФИФА Суҳроб Сатторов мусобиқаи футзалро дар Таиланд ҳакамӣ мекунад.

⚽️ ⚽️ ⚽️

🇹🇯 АРБИТРЫ ИЗ ТАДЖИКИСТАНА ОБСЛУЖАТ МАТЧИ 33-Х ИГР ЮГО-ВОСТОЧНОЙ АЗИИ В ТАИЛАНДЕ

📋 Азиатская футбольная Конфедерация пригласила четырёх таджикских арбитров для работы на футбольном и футзальном турнирах 33-х Игр Юго-Восточной Азии, которые пройдут в Таиланде.

Рефери ФИФА Гулмуроди Саъдулло и ассистент рефери ФИФА Хасан Каримов будут обслуживать матчи футбольного турнира в группе «С», где выступят сборные Индонезии, Мьянмы и Филиппин.

🔺 Ассистент рефери ФИФА Дилшода Рахмонова назначена на матчи женского футбольного турнира в Таиланде.

🔹 Кроме того, рефери ФИФА Сухроб Сатторов будет работать на встречах футзального турнира Игр.
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
👍162🔥1👏1🤩1👌1
🫂 САЪДӢ ИСМОИЛОВ, МО БО ТУЕМ!

🇹🇯 Яке аз роҳбарони гурӯҳи мухлисони тимҳои миллии Тоҷикистон Саъдӣ Исмоилов айни замон дар яке аз беморхонаҳои Маскав табобат мегирад.

Имрӯз дарвозабони тими миллии Тоҷикистон ва бошгоҳи «Ростов» Рустам Ятимов ӯро аёдат кард ва аз номи тамоми ҳайати мунтахаб шифои комилу оҷил таманно намуд.

🤝 Мо ба Саъдӣ Исмоилов саломатии бардавом орзу карда, интизори дидори ӯ ва ҳаводории самимияш дар варзишгоҳ ҳастем!

⚽️ ⚽️ ⚽️

🫂 САЪДИ ИСМОИЛОВ, МЫ С ТОБОЙ!

🇹🇯 Один из лидеров фан-движения сборных команд Таджикистана Саъди Исмоилов сейчас проходит лечение в одной из московских клиник.

Сегодня его навестил голкипер сборной Таджикистана и «Ростова» Рустам Ятимов, передав пожелания скорейшего выздоровления от всей национальной команды.

🤝 Желаем Саъди Исмоилову крепкого здоровья и ждем его на стадионе – в горячей поддержке сборных команд Таджикистана!
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
31👍20🤩1😍1💯1🏆1🤝1🫡1
2025/12/07 20:38:24
Back to Top
HTML Embed Code: