group-telegram.com/Azdatv/5139
Last Update:
🔴Хадамоти амнияти федеролии Русия рӯзи чоршанбе, 18-уми декабр эълом кард, ки омили қатли генерал-лейтенанти нерӯҳои радиатсионӣ, химиявӣ ва биологӣ Игор Кирилловро дастгир кардааст. Ба гузориши хабаргузории давалатии ТАСС, ин нафар шаҳрванди 29-солаи Узбекистон аст.
Ин ниҳод мегӯяд, сервиси амниятии Украина ин фардро барои террори генерал гумошта буд ва бо ваъдаи маблағи 100 ҳазор доллар ва зиндагӣ дар яке аз кишварҳои аврупоӣ ба чунин кор даст задааст.
Хадамоти амниятии Русия аз он ҷавон наворе низ нашр кардааст, ки ӯ мегӯяд: “Ман бо фармони хадамоти махсуси Украина ба Маскав омадам ва пас аз омадан самакат (скутер) харидам ва баъд аз чанд моҳ дар он бомб ҷогузорӣ карданд ва ҳама омода шуд, сипас онро дар назди хонаи генерал гузоштам ва вақте ӯ назди хона буд, онро аз дур таркондам.”..Идома-https://azda.tv/omili-terrori-generali-rus-az-mu-o-ironi-osiyoi-markaz-budaast/
BY Azda.tv -Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон

Share with your friend now:
group-telegram.com/Azdatv/5139