group-telegram.com/education_abroad_tj/787
Last Update:
✨ Яке аз лаҳзаҳои равшану хотирмон дар зиндагии ман — аввалин таҷрибаи кориам ҳамчун тарҷумон ва кор бо хориҷиён буд. Ин соли 2008 буд. Як гурӯҳи филмсозони канадагӣ ба Тоҷикистон омаданд, то филм сабт кунанд 🎥.
Он вақт ман тоза донишгоҳро хатм карда будам, ҳамчун омӯзгори забони англисӣ дар факултети худам кор мекардам ва ҳамзамон дар рӯзнома ҳам сармуҳаррир будам 📝. Як дӯстам гуфт, ки ба ин гурӯҳи кино ба зудӣ тарҷумоне лозим аст, ки тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ донад. Ман розӣ ба мусоҳиба равам ва ҳатто як ҳамкурсамро ҳам бо худ бурдам, чунки ӯ хати форсӣ хонда метавонист. Фикр кардам, ки шояд якеи мо қабул шавем 😅
Натиҷатан, маро интихоб карданд! Ва ҳамин тавр, ман як моҳ қисми олами кино шудам. Ҳаводиси филм зиндагии мардуми Афғонистонро инъикос карда, гӯё сабт дар Афғонистон сурат мегирифт. Ин як таҷрибаи аҷибу хотирмоне буд. Ман ба фазову майдони сабт дил бастам ва аз ҳамон вақт орзу доштам, ки боз дар кино кор кунам… вале дигар чунин имконият пайдо нашуд.
✨ Шумо чӣ? Аввалин таҷрибаи кории шумо чӣ гуна буд? Дар шарҳ нависед — хеле мехоҳам қиссаҳои шуморо хонам! 💬👇
BY Education Abroad /Таҳсил дар хориҷа

Share with your friend now:
group-telegram.com/education_abroad_tj/787