Telegram Group & Telegram Channel
Яке аз лаҳзаҳои равшану хотирмон дар зиндагии ман — аввалин таҷрибаи кориам ҳамчун тарҷумон ва кор бо хориҷиён буд. Ин соли 2008 буд. Як гурӯҳи филмсозони канадагӣ ба Тоҷикистон омаданд, то филм сабт кунанд 🎥.

Он вақт ман тоза донишгоҳро хатм карда будам, ҳамчун омӯзгори забони англисӣ дар факултети худам кор мекардам ва ҳамзамон дар рӯзнома ҳам сармуҳаррир будам 📝. Як дӯстам гуфт, ки ба ин гурӯҳи кино ба зудӣ тарҷумоне лозим аст, ки тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ донад. Ман розӣ ба мусоҳиба равам ва ҳатто як ҳамкурсамро ҳам бо худ бурдам, чунки ӯ хати форсӣ хонда метавонист. Фикр кардам, ки шояд якеи мо қабул шавем 😅

Натиҷатан, маро интихоб карданд! Ва ҳамин тавр, ман як моҳ қисми олами кино шудам. Ҳаводиси филм зиндагии мардуми Афғонистонро инъикос карда, гӯё сабт дар Афғонистон сурат мегирифт. Ин як таҷрибаи аҷибу хотирмоне буд. Ман ба фазову майдони сабт дил бастам ва аз ҳамон вақт орзу доштам, ки боз дар кино кор кунам… вале дигар чунин имконият пайдо нашуд.

Шумо чӣ? Аввалин таҷрибаи кории шумо чӣ гуна буд? Дар шарҳ нависед — хеле мехоҳам қиссаҳои шуморо хонам! 💬👇
15👍3🔥3👏2🕊1

group-telegram.com/education_abroad_tj/787
Create:
Last Update:

BY Education Abroad /Таҳсил дар хориҷа

Share with your friend now:
group-telegram.com/education_abroad_tj/787

View MORE
Open in Telegram

Telegram | DID YOU KNOW?

Date: |

The original Telegram channel has expanded into a web of accounts for different locations, including specific pages made for individual Russian cities. There's also an English-language website, which states it is owned by the people who run the Telegram channels. "He has kind of an old-school cyber-libertarian world view where technology is there to set you free," Maréchal said. Groups are also not fully encrypted, end-to-end. This includes private groups. Private groups cannot be seen by other Telegram users, but Telegram itself can see the groups and all of the communications that you have in them. All of the same risks and warnings about channels can be applied to groups. Elsewhere, version 8.6 of Telegram integrates the in-app camera option into the gallery, while a new navigation bar gives quick access to photos, files, location sharing, and more. Recently, Durav wrote on his Telegram channel that users' right to privacy, in light of the war in Ukraine, is "sacred, now more than ever."
from us

Telegram Education Abroad /Таҳсил дар хориҷа
FROM American